Мулоқоти судманд

зафараобод мулоқот

ЗАФАРОБОД Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия мулоқоти гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳаӣати Шарифов Т.Т, Рустамов З.Р, Авезов М А, Дилбари Илҳом Ашуров Р бо сокинони Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев баргузор гардид.Аз ҷониби гурӯҳ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар рушди ҷомеа мусоидат менамоянд баромадҳои пурмӯҳтаво пешниҳод карда шуд. Тарғиботчиён доир ба масъалаи  татбиқи ҳадафмандонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бобати риоя намудани фарҳанги миллӣ аз ҷумла фарҳанги либоспушии миллӣ, роҳ надодан ба унсурҳои бегонапарастӣ, тарғиби ҳаёти солим, расидан да арзишҳои миллию давлатдорӣ андешаҳои хешро баён доштанд. Аз ҷониби иштирокдорон, ки собиқадорону пирони кордида, бонувону ҷавонони фаъолро ташкил менамуданд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Мулоқот бо  руҳияи баланд ва хотирмон ҷамъбаст гардид, аз ҷониби иштирокдорон ва раёсати Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ Алиев  ба КИ ҲХДТ дар ноҳия бобати ташкилӣ чорабинӣ миннатдорӣ баён карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>