Мулоқот бо занони хонашин

исфара (4)

ИСФАРА. Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар муассисаи таълимии № 53 бо беш аз 200 нафар занони хонашини деҳоти Ворух бобати мушкилоти пешомада- таъмини хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иброизи андеша карда шуд. Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фотима Тоҷибоева дар бораи саҳми занон дар ҷомеа, ба хусус сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Сардори раёсати ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Тулахон Низомидинова изҳор кард, ки дар ҳифзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ саҳми занон назаррас аст. Новобаста ба ин ҳануз оилаҳое, ки фарзандонашон аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашӣ мекунанд, кам нестанд. Ҳар як модар вазифадо аст, пеш аз ҳама дар замири дили фарзандаш эҳтиром ба Ватан, ҳифзи марзу буми онро ҷой намояд. Раиси Шӯрои занони КИИ ҲХДТ дар деҳоти Ворух Меҳрӣ Раҳматова диққати ҳозиринро ба масъалаҳои пешгирии никоҳи барвақтӣ ва парокандашавии оилаҳои ҷавон ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ҷалб намуд. Сардухтури беморхонаи минтақавии деҳоти Ворух Карима Ҳакимова занонро ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳмгирӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон даъват кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>