Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

ашт тарғиби

АШТ. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади тарғиб намудани ҳунарҳои мардумӣ байни занону духтарон рӯзи сипаришуда мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Ҳоҷиматова Ш. бобати ошноӣ пайдо кардан бо маҳсули дастони истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Шодоба Шарипова Г., ки ба касби сабадбофӣ машғул аст, сӯҳбат баргузор намуд. Шарипова Гавҳарой дар сӯҳбат иброз дошт, ки бештари вақти худро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ сарф менамояд, ҳунари сабадбофиро аз падар ва модари хеш омӯхтааст,  шогирдони зиёдеро ба воя расонда, аз он хеле ифтихорманд аст. Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати иқдому ташаббусҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷӯҳи бепоён нисбати эҳё намудани ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик миннатдории хешро изҳор намуд. Мудири шубаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Ҳоҷиматова Ш аз корҳои ин зани ҳунарманд диданӣ намуда, ба маҳсули меҳнати дастии Шарипова Г. баҳои баланд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>