Таъмиру тармими ёдгории таърихӣ

КОНИБОДОМ. Имрӯзҳо бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо маблағгузории Сафоратхонаи ИМА Ёдгории «Мадрасаи Оим» мавриди таъмиру тармим қарор дорад. Мадрасаи Оим ёдгории таърихию меъмории асри 19 буда,  солҳои 90-уми асри гузашта мадраса таъмир гардида буд. Бо вуҷуди ин, вазъи мадраса наонқадар хуб буда, ба таъмири пурра ниёз дошт. Инак, тибқи лоиҳа дар мавзӯи «Ҳифз ва нигоҳдории Мадрасаи Оим» таъмир ва барқарорсозии ин иншооти нодири меросии фарҳангӣ ва қадимаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Конибодом ҷараён дорад. Татбиқи лоиҳа аз моҳи сентябри соли 2017 оғоз гашта, то моҳи феврали соли 2019 ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти мазкур бовусъат идома дорад. То имрӯз боми мадраса пурра шиферпӯш карда шуда, ҳуҷраҳо аз таъмир бароварда шудаанд. Дар доираи татбиқи лоиҳа ҳамчунин, таъмири ду масҷиди дохили мадраса ва саҳни ҳавлии он низ ба нақша гирифта шуда, дар ин самт кор бовусъат ҷараён дорад. Ёдовар мешавем, ки Мадрасаи Оим нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ёдгории таърихии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳрасти силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи дарёи Сир шомил карда шудааст. Ҳамзамон пас аз таъмиру таҷдид ин ёдгории таърихии шаҳри Конибодом мавзеи тамошобоби сайёҳӣ гардида, шуҳрати шаҳри Конибодомро ҳамчун яке аз минтақаҳои сайёҳӣ боз ҳам афзунтар хоҳад сохт. Зеро таъмиру таҷдиди мадраса пеш аз ҳама бо мақсади ҳифзу нигаҳдошти мероси ниёгон ва рушди соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>