Мизи мудаввар: “Зан ва ҷомеа

ГУЛИСТОН. Бо мақсади  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим,  баланд бардоштани маърифати  аҳолӣ, пешгирӣ  намудани бемориҳои сирояткунанда ва баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Зан ва ҷомеа» бо занону духтарони хонанишин ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ифтитоҳ Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, оид ба ҳадафҳои гузаронидани семинари омӯзишӣ баромад намуд. Ҳамзамон зикр намуд, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо борҳо таъкид намуданд, ки аз модари солим, фарзанди солим ба дунё меояд, мо бояд баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим саъйю талош намоем. Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худ ғамхорӣ мекунад. Барои инсон саломатӣ ин ганҷи бебаҳост. Саривақтӣ табобат намудан воситаи пешгирӣ, паҳншавии ҳар гуна бемориҳо ва кафолати шифои комил аст. коркунони “Маркази саломатӣ” сарвари ташаккули тарзи ҳаёти солим Кенҷанисо Исобоева, табиби тиббии оилавӣ Бираҷаб Сафарова, сарвари маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошавии норасоии масъуният ва ВИЧ СПИД Амирҷон Бобоев, мудири шуъбаи кор бо занони ҳизб Муяссар Раҳимова иштирок намуда, дар мавзӯъҳои “Мавқеи зан дар ҷомеа”, “Пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда”,“Пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошавии норасоии масъуният  ва ВИЧ СПИД”, “Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим” ва “Пешгирии бемории сил” баромад намуданд. Ба иштирокчиёни семинар маводҳои омӯзишӣ тақдим карда шуда, ба саволҳои бонувон аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>