Таълиму тарбия кори ҳамагонист

хучанд таълиму

ХУҶАНД. Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи соати сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Таълиму тарбия кори ҳамагонист» дар назди иштирокчиён баромад намуда, маълумот доданд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки «Замони имрӯза замони ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо мебошад. Имрӯз дар баробари пешрафти босуръати иқтисодиёту иҷтимоиёт, инқилобҳои бузурги илмию техникӣ, баланд гардидани сатҳу сифати маърифату маданият ва зиндагии аҳли ҷомеа, ободу зеботар шудани кишварҳо як қатор омилҳои хатарзо, аз ҷумла экстремизму терроризм ва гароиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро боиси нигаронии ҳамагон мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бадхоҳони давлатҳову миллатҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопок ва ғаразноки худ бештар наврасону ҷавононро истифода мебаранд. Зеро дар ин синну сол насли наврасу ҷавон дар ақидаи худ чандон устувор нестанд, на ҳама вақт ба асли масъала сарфаҳм мераванд, дили соф доранду бисёр зудбовар ҳастанд. Бо ибораи дигар, онҳоро бо фиреб осон аз роҳи рост ба роҳи бад даровардан мумкин аст. Новобаста ба таъкидҳои волидону устодон ва ташвиқоту тарғиботи доимӣ имрӯз дар диёри мо кам нестанд наврасону ҷавононе, ки аллакай дар ҳаёт роҳгум задаанд. Бинобар ин аксар падару модарон ҳангоми ба мактаб гусел намудани фарзандонашон то ба хона омадани онҳо бетоқат мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Мактаб даргоҳи муқаддаси омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, барои ташаккул ёфтани ақлу заковат, зеҳну шуур, бедории афкор, одоби шоиста ва ахлоқи ҳамидаи насли наврас заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ва муаллимону кормандони маориф равшанкунандагони хиради башарият ва афрӯзандагони машъали илму маърифат мебошанд». Мактаб дар ҳама давру замон боргоҳи муқаддаси омӯзиши илму маърифат ва маркази таълиму тарбия бда, барои такмили ҷаҳонбинӣ, зеҳну тафаккур, заковату зебоипарастӣ малакаву маҳорат ва одобу ахлоқи ҳамида заминаи тақдирсоз маҳсуб мешавад».

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>