Терроризму экстремизм -зухуроти номатлуб!

андеша гузаштаро

ИЗҲОРОТ. Терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамчун омӯзгор, ки қувваи пешбарандаи ҷамъият аст, аз Шумо ҷавонони азиз, хоҳиш менамоям, ки ба чунин амалҳои номатлуб даст назанед, зеро он ба ғайр аз нохушӣ дигар ягон фоидае надорад. Пеш аз он ки аз паи коре мешавед, нишаста, хуб андеша намоед, ки баъд аз он чӣ мешавад? Имрӯзҳо нафароне пайдо шуда истодаанд, ки барои чор танга маблағ беақлона даст ба амалҳои номатлуб зада, ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Барои наздикон, хешовандон бахусус, падару модарони худ кӯҳи ғамро бор карда истодаанд. Наход, барои падару модаронатон аз худатон дида, он маблағе, ки баҳри он ҷони худро фидо мекунед, зарур шуморед? Оё Шумо андеша намекунед, ки дами пирии волидон бояд асои дасти онҳо бошед, ҳоли онҳо он вақт чӣ мешавад? Магар онҳо бо ҳамин умед фарзанд ба воя расонидаанд? Агар ба гузаштагони худ назар андозем,  қисми зиёди намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик илми динро хуб аз худ намуда буданд. Ба дини ислом эътиқод доштанд, аммо ягон нафари онҳо ба ғайр аз даъват намудани ҷамъият ба некию накӯкорӣ, ростгӯиву росткорӣ, ватандӯстӣ, иззату эҳтиром, қадршиносӣ ва ғайраҳо дигар ҳаваси молу пул, сарвату давлат надоштаанд. Онҳо ҳам ба Худованд саҷда менамуданд, дар ғазалҳояшон ишқи худро ба Худованди якка ва ягона чунон зебо ва моҳирона тасвир намудаанд, ки аз хондани он кас ҳаловат мебарад. Ҳофизи Шерозӣ дар яке аз ғазалҳояш мегӯяд, ки вақте ба ман ғам ё мушкилие пеш меомад, бо Худованд гуфтугӯ мекардам ва чун гирдоб аз ғам меафтодам, яъне тамоми ғамҳоям ба назар ҳеҷ менамуд.

                        Мусулмонон, маро вақте диле буд,

Ки бо вай гуфтаме, гар мушкиле буд.

Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам,

Ба тадбираш умеди соҳиле буд…

Ҳамин гуна осори назму насри форс – тоҷик яке аз дигаре пурмазмун, манфиатбахш ва саршори мазмуни баланди тарбиявӣ дошта, мероси ғании маънавӣ боқӣ гузоштаанд, ки 1000-солаҳо қадру қиммати худро гум нахоҳанд кард. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимии замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ ин ҳама барои насли наврас ва ҷавонон аст, зеро онҳо ояндаи миллатанд. Аз ин шароитҳое, ки фароҳам оварда шудааст, истифода бурдан лозим аст. “Тани солим – ақли солим”, “Варзиш гарави саломатӣ”, “Саломатии халқ – саломатии давлат” мегӯянд, аз ин рӯ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш бесабаб нест. Омӯзгорони муассисаи мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намуда, ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд. Сарвари давлатамон дар баромад ва Паёмҳои худ баҳри таъмини иктисоди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, музди маошро бардошта истодаанд, ки ин амали хайр боз ҳам қувваи моро дучанд мебахшад. Ман бо обҳои мусаффо, меваҳои ширин, табиати нотакрор, бо гузаштагони баору номус, ки ҷони худро баҳри озодии Ватан фидо намудаанд, бо фарзандони фарзонаи миллат аз Рӯдакӣ оғоз намуда, то имрӯз фахр дорам ва аз забони шоир мегӯям:

Тоҷикистон, Тоҷикистон!

Мекунам шукри каму бисёри ту.

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту,

Аз ту ман cарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

  Исмоилова М.

  Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 омӯзгори  муассисаи таълими миёнаи умумии №54 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>