Занон ва ҳаракатҳои ифротӣ

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Тибқи омор, имрӯз панчоҳ фисади аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 зикр намудаанд: «Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандузӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Хушбахтона, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри он талош доранд, то ин ки занон дар корҳои роҳбарию пешбарандаи ҷомеа ширкат варзида, баҳри ба субут расонидани ин ҳадаф, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаю дастурҳои махсус пешбарӣ намудааст, ки аз тарафи занони фаъол ҷонибдорӣ гардида, ҷомаи амал пӯшида истодаанд. Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон низ нисбати тақдири бонувони тоҷик бетараф набуда, доиман пайи дастгирии онҳо мебошанд. Агар мо ба таърихи даргузаштаи халқи куҳанфарҳангамон бингарем, хоҳем дарёфт, ки дар тӯли асрҳо дар ҷомеаи мо нақши зан-модар хеле баланд будааст ва дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеаи мо нақши муассир бозидааст. Дар замони ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ мо шоҳиди бевоситаи ин суханони дар боло зикршуда будем. Аммо мутаассифона, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ки оқибат ба қашшоқии ҷомеа оварда расонд. Дар ҳамин минвол бисёре аз «хоҷаҳо»-и хориҷӣ дар истифода аз ин буҳрони иқтисодии ҷомеа, «дасти мадад»-и худро барои манфиати хеш ба сӯи ҷомеаи мо дароз намуда буданд. Ҳадафи аввалияи ин «хоҷаҳо», паҳн намудани ақидаҳои бегонаи ифротӣ дар ҷомеаи мо буд. Албатта, бисёре аз ҷавонони тоҷик ба «бале» — гӯиҳо ва ваъдаҳои холии ин «хоҷаҳо» бовар намуда, ба доми фиребу найранги онон дарафтода, ҷони ширини худро аз даст дода, модарони худро ҷигарбирён намуданд. Вале як падидаи дигари ҳузнангезе низ дар ин масир вучуд дорад, ки шомилшавии духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки чунин духтарон аз лиҳози камсаводии худ ба ин гирдоби бало афтида, ҷони хеш ва ҷони атрофиёнро низ дар хатар мемонанд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз сафи духтарони ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомилшуда, рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Фаъолзанҳои ин ҳаракатҳои ифротӣ аз «хоҷаҳо» маблағи калон гирифта, дар байни аҳолии камсаводу камбизоати ҷомеа «тарафдорон»-и худро ҷӯё мегарданд ва бо «ҳавасмандкуни»-и моддӣ ин қишри духтарони камбизоату камсаводро ба шомили шохаи худ мегардонанд. Боиси изтироби ҳамагон аст, ки замоне модари тоҷик ба башарият Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Носири Хусрав ва Камоли Хуҷандию Асириро тақдим намуд, аммо мутаассифона, имрӯз бархе аз модарони тоҷик рисолати модарии хешро бо чунин амали нангин иваз намудаанд. Фаъолияти чунин занону духтарон аслан аз паҳн намудани даъватномаҳо, варақаҳо ва адабиёти мазмуни экстремистидошта иборат мебошад.

Коршиносони соҳа бар он андешаанд, ки чаро маҳз занону духтарон ба чунин амали нопоку барои ҳаёти худашон хатарнок даст мезананд? Ба фикри мо, яке аз сабабҳои асосии ин раванди номатлуб ин муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки теъдоди зиёди занон аз оилаашон ҷудо шудаанд ё ин ки шавҳарашон дар давлати дигар бо зани дигаре оила барпо намудааст. Чунин зан-модар барои хӯрондану пӯшондани фарзандаш барои иҷрои ҳар гуна амали ношоиста қодир аст.
Раванди дигари шомилшавии баъзе аз занону духтарони тоҷик ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин мавҷуд набудани зиндагии қобили қабули рӯзмарра ва дар ҷомеа набудани ҳуқуқи мусоиди занон бо мардон мебошад. Сабаби дигар ба ақидаи мо, ин доштани кӯдакони ноболиғ мебошад. Ин низ равандест, ки ифротгароён онро хуб истифода мекунанд, яъне ба ибораи дигар гӯем, чунин занон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷиҳати надоштани саробони таъминкунанда ва фарзандони ноболиғ озод карда мешаванд. Омили дигаре, ки духтарону занонро ба ин амали нангин тела медиҳад, ин дар равони чунин занон набудани орзую умед ба ояндаи нек мебошад. Чунин занону духтарон асосан дар асолати ифротгароён афтида, майнаи сари онҳо бо чунин афкори «таассуроти бад» пур карда шуда, бештар барои онон ақидаҳои пессимистӣ (руҳафтодагӣ) талқин карда мешаванд. Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо нафаре аз ҷавонзани тоҷик ба ин амали разилона даст зада, боиси доғи рӯзи ҷомеаи мо мегардад. Чунин ҷавонзанон бар сари он ақида намеандешанд, ки оқибати ин амали нопок ба кадом фоҷиа оварда мерасонад. Ин амали палиди онҳо боиси изтиробу сархамии волидайн, хешу табор ва ёру дӯстон мегардад. Имрӯз барои мо зиёиёни ҷомеаи навину соҳибистиқлоли тоҷик заруру ҳатмист, ки мо бояд сари вақт роҳи чунин зуҳуроти нангинро дар ҷомеа гирифта, баҳри он талош варзем, ки модари тоҷик бояд соҳибмаълумот буда, барои наслҳои ояндаи миллатамон бори дигар Рӯдакию Носири Хусрави дигареро ба воя расонида, барои наслҳои баъдинаи оламиён ба ёдгор боқӣ бимонанд.

Орифшо Насриддиншоев

 омӯзгори фанни таърих
гимназияи № 1-и шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>