Таваҷҷӯҳи Созандагони Ватан ба рушди варзиши футбол

айнӣ

АЙНӢ. Ба муносибати омад-омади Рӯзи ғалабаи иштирокчиёни ҶБВ  ва Иди ҷавонон, бо ибтикори КИ ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар базаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия, ки дар МТМУ №19-и деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ ҷойгир шудааст, мусобиқаи  футбол  гузаронида шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол, варзишгарони МТМУ №8-и деҳаи Зоосун, МТМУ №46-и дашти Сангистон, МТМУ №33 –и деҳаи Путхин,  МТМУ №14-и деҳаи Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнӣ ширкат варзиданд.  Нахуст  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Қобилзода  Абдуғанӣ  баромад намуда, доири даъвати ҷавонон ва сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматҳои мондагори иштирокчиёни ҶБВ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи варзиш ва илму маърифати ҷавонон ибрози андеша намуд. Дар идомаи чорабинӣ бо пешниҳоди устодони варзиш,  футболбозони МТМУ№14-и деҳаи Хушекат бо футболбозони МТМУ №8-и деҳаи Зоосун, футболбозони МТМУ №30-и деҳаи Путхин бо футболбозони МТМУ №46-и дашти Сангистон қавваозмойӣ намуданд.  Дар натиҷа, варзишгарони МТМУ №33 ва МТМУ №8 ғолиябиятро ба даст оварда, ба даври якум роҳхат гирифтанд. Баҳри ба даст овардани ғолибият ва сазовори ҷойӣ якум гаштан, ғолибон, МТМУ №8 ва МТМУ №33 байни худ мусобиқа намуданд. Дар рафти мусобиқа, ҳарду даста қобилияти хуб нишон дода, дар ниҳояти чорабинӣ, хонандагони МТМУ №8-и деҳаи Зоосун бо нишондоди голи зиёд, сазовори ҷойӣ якум  ва хонандагони МТМУ №33-и деҳаи Путхин, сазовори ҷойӣ дуюм гаштанд. Мавриди зикр аст, ки дар интиҳои мусобиқа, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои иштироки фаолона дар мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои фаннии ташкилот аз устодон ва хонандагон изҳори сипос намуда, барои ғолибони ҷойи якум ва дуюм тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳоро тақдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>