Олами афсонавии мусиқӣ ва меҳру муҳаббат!

СПИТАМЕН. Имрӯзҳо дар мактабҳои мусиқии бачагонаи қаламрави ноҳияи Спитамен марҳилаи баргузории консерти ҳисоботии дастпарварон баргузор шуда истодааст. Дар асоси нақша ва  чун ҳама сола моҳи апрел, консерти ҳисоботии мактаби санъати №1-и ба номи Мирзо Пардаев, дар театри ба номи Ш.Бурҳонов баргузор гардид. Садои карнай аз оғози барномаи консертӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар даромдгоҳи театр, корҳои амалии рассомони ҷавони мактаби санъат аз бахши мусаввара дар мавзӯъи сайёҳӣ таҳти унвони «Мусаввара ва расмҳои беҳтарин оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ»  ба намоиш гузошта шуда буд. Дар консерти ҳисоботӣ намояндаи раёсати фарҳанги вилояти Суғд Олимҷон Юсупов, муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, ва меҳмонон аҳли санъат аз ноҳияи Ҷ.Расулов, шаҳри Хуҷанд, собиқадорони мактаби санъат, устодон ва падару модарон иштирок намуданд. Сараввал сухан, ба муовини Раиси ноҳия Д,Раҳимӣ дода шуд, ки ӯ чунин баён намуд, имрӯз барои ҳар яки мову шумо ид аст, зеро чун анъана ҳамасола консерти ҳисоботии мактаби санъати №1 ба номи Мирзо Пардаев ба ҳукми анъана даромадааст ва агар ба таърихи мактаби санъати Мирзо Пардаев назар афканем, соли 1965 ҳамчун мактаби мусиқӣ бунёд гардида, соли 1997 ба номи устоди варзидаи санъат Мирзо Пардаев номгузорӣ карда шудааст ва соли 2016 бо қарори Раиси ноҳияи Спитамен ба «Мактаби санъати ба номи Мирзо Пардаев» мубаддал гардонида шуд. Ва аз таърихи мактаб бар меояд, ки садҳо шогирдонро рӯи саҳнаи ҳунар овардааст. Ҳоло шогирдони Мактаби санъати Мирзо Пардаев дар ансамбли шашмақомсароёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли шашмақомсароёни «Нури Хуҷанд» фаъолияти назаррас доранд. Роҷеъ, намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Олимҷон Юсупов аз дастовардҳои мактаб дар миқёси вилояти Суғд суханронӣ намуд. Толибилмони ин мактаб дар навозиш бо асбобҳои миллӣ рубоб, дутор, най, ғиҷҷак, чанг, дойра, рубоби афғонӣ, фортопианино, оркестр, асбоби туркии дудук, санъати рақс, ва сароидани хор ҳунарнамоӣ намуданд. Толор бо қарсакзании бардавом баҳои баланд дод. Дар ҷамъбасти консерти ҳисоботӣ ба як қатор устодони Мактаби санъат ва дастпарварон, инчунин ғолибони озмуни мусаввара Ифтихорномаҳо супорида шуд. Устодони мактаби санъат тавонистанд ҳунару истеъдоди волои тоҷикро ба даспарварони худ омӯзонанд. Шогирдони ин мактаб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷои аввал ва байналмиллалӣ ҷои дуюмро сазовор гардидаанд ва нақши санъати миллиро ба ҷаҳониён муарифӣ намуданд. Воқеан мусиқӣ ин нур аст мусиқи як истеъдод аст, ки инсоният аз шунидани он ҳаловат мебарад ва ба олами тахаюлот, орзуҳои ширину афсонавӣ ворид мегардад. Чанд лаҳзае, ки аз истеъдоди шогирдони Мактаби санъат бархурдор гардидем, дар ҳақиқат бо намоиши ҳунари худ тавонистанд мухлисонро ба дунёи афсона ва дунёи меҳру муҳаббат ворид намоянд.  Ҳамагон, ба тамоми иштирокчиёни консерт – дастпарварони Мактаби санъат муваффақиятҳо ва барои рушду ҷодаи санъат комёбиҳо орзу намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>