Фаъолияти густурдаи Шӯрои собиқадорони ҳизб

Recoverd_jpg_file(1081)

ПАНҶАКЕНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан  маҷлиси ҷамбастии фаъолияти семоҳаи  ташкилоти ибтидоӣ ва шӯрои собиқадорони ҳизбӣ  доир гардид. Дар ин маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова ва фаъолон ширкат варзиданд. Ҳамида Холова  раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб  дар маърӯзааш оиди  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешарони намуда  Паёмро роҳнамо ба сӯи саодат номида иҷроиши саривақтии онро аз тарафи иштирокчиён таъкид намуд. Ҳамчунин раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мурод Шукурзода  оид ба корҳои ободонӣ дар  шаҳр,  дастгирии ҷавонон, эҳтиром нисбати калонсолон аз ҷониби ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба ҳизмати ҳарби  сухан карданд. Дар охири ҷамъомад масъулин ва иштирокчиён аз фаъолияти собиқадорон  розиги  баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>