Бо об муносибати дилсӯзона мебояд!

театр

СПИТАМЕН. Дар ташкилоти ибтидоии «Истгоҳи Спитамен»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, дар асоси нақшаи барномаи баргузории соати сиёсӣ дар мавзӯи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор!» соати сиёсӣ гузаронида шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии «Истгоҳи Спитамен» С.Ҷалов ҳозиринро бо мақсаду мундариҷаи соати сиёсӣ ошно намуд. Шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Истгоҳи Спитамен» Мирзорахимов Фаррух оид ба мавзӯи соати сиёсӣ баромад намуда иброз намуд, ки боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз аст, ки Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид доир ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 қабул ва дар матбуоти ҷаҳон ба тасвиб расид ва бешубҳа, ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён аст,ки амалӣ гаштани ин ҳуҷҷати муҳим ба иқдому пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устуворро касб менамояд. Роҷеъ, иштирокчиёни соати сиёсӣ бобати арзиш доштани об ва ба талафи об роҳ надодан суханронӣ намуданд. Масъалаи истифодаи захираҳои обӣ бо афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, буҳрони молиявӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика ва озуқаворӣ алоқамандии зич дорад. Ва дар охир, ба як хулосае омада, даъват намуданд, ки ба қадри неъмати бебаҳо – об расем ва онро оқилона истифода барем.  Дар баргузории соати сиёсии ташкилоти ибтидоии «Истгоҳи Спитамен» мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  Болтуева Вилоят ва сармутахассиси самти ҷавонони Кумитаи иҷроия Абдуқаюмова Дилбар иштирок намуданд.  Дар фарҷом, ба се нафар кормандони фаъоли Истгоҳи Спитамен дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>