Собиқадорон-ҳидоятгари ҷавонон

Деваштич аёдати собикадор

ДЕВАШТИЧ. Бахшида ба 70-солагии шоир, рӯзноманигор, омӯзгор, узви иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти мамлакат Абдувалӣ Бекмуҳаммад дар муассисаи таълимии №5 деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич маҳфил баргузор гардид. Дар маҳфили адабию бадеӣ хонандагон оиди ҳаёту фаъолияти эҷодии Абдувалӣ Бекмуҳаммад маърӯзаҳо, шеърҳои шоир, намунаҳо хонданду саҳначаҳо намоиш доданд. Инчунин бо соҳибҷашн саволу ҷавоб низ карданд. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикиситон Комрон Исмоилиён, мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳия Нигора Почоева ва собиқадори матбуот Эгамназар Соҳибназаров иштирок ва суханронӣ намуда, таассуротҳои хешро барои ташкили чунин маҳфил иброз намуданд. Ҳаваскорони санъати таълимгоҳ таронаҳои аз ашъори шоир эҷодшударо сароида ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд. Дар ташкили чунин чорабинӣ хизмати омӯзгорон Ойнисо Сиддиқова, Иҷобат Худойқулова, Маҳбуба Сиддиқова, Абулқосим Эшонқулов хеле калон мебошад. Ҳамчунин аз ташкили чунин маҳфил Абдувалӣ Бекмуҳаммад хеле болида хотир гардида, ба ҷомеаи меҳнатии муассиса ва меҳмонон мннатдории хешро изҳор намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>