Дар амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона фаъолият мекунем.

ЗАФАРОБОД. Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳайати Шарифов Т.Т, Рустамов З.Р, Авезов М А, Дилбари Илҳом Ашуров Р бо сокинони Ҷамоати Равшан дар деҳаи Ҳаёти Нав   баргузор гардид. Аз ҷониби гурӯҳ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар рушди ҷомеа мусоидат менамоянд баромадҳои пурмӯҳтаво пешниҳод карда шуд. Тарғиботчиён доир ба масъалаи  татбиқи ҳадафмандонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бобати риоя намудани фарҳанги миллӣ аз ҷумла фарҳанги либоспушии миллӣ, роҳ надодан ба унсурҳои бегонапарастӣ, тарғиби ҳаёти солим, расидан да арзишҳои миллию давлатдорӣ андешаҳои хешро баён доштанд. Аз ҷониби иштирокдорон, ки собиқадорону пирони кордида, бонувону ҷавонони фаъолро ташкил менамуданд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Туйғун Тоҳирович доир ба рӯзмарра будани мавзуи баррасишаванда андешаронӣ карда, татбиқи пурсамари онро вазифаи ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуд ва гуфт, ки ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ва таъмини зиндагии шоиста пешбинӣ шудааст. Тадбиқи саривақтии қонуни мазкур боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гашт ва риояи он вазифаи муқаддаси ҳар сокини мамлакат мебошад. Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт ва сокинони деҳа дар атрофи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>