Намоиши дастранҷи ҳунармандон

ДЕВАШТИЧ. Бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич чорабинӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз ганҷ аст» баргузор гардид. Дар ташкили чорабинӣ кормандони фарҳанги клубу китобхонаҳои ҷамоати зикр гардида, ҳиссаи арзандаи хешро гузоштанд. Чорабинӣ бо шиносоии дастовардҳои ҳунармандони деҳаҳои ҷамоат оғоз гардид. Бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия намоиши дастранҷи ҳунармандон ба роҳмонда шудааст. Дар чорабинӣ хусусан Шораҳим Яқубов, к ибо касби оҳангарӣ машғул аст, бо меҳнати худ барои мардуми деҳот асбобҳои заруриро месозад ва фарзандонаш низ нозукии ин касбро меомӯзонад. Лола Одинаева бошад, бо ҳунари адрасбофӣ, гилембофӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ, машғул буда, ин касбро аз очаю модари худ мерос гирифтааст. Имрӯз миёни мардум обрӯйи хосе пайдо кардааст. Инчунин Очагул Раҳимова ва Лола Саломова низ машҳули ҳунармадӣ буда, шогирдони зиёдро тарбия намуда истодаанд.  Мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаптии ноҳия Тоҳир Ахмедов ва мушовири бахши фарҳанг Гулбаҳор Азизова, сарвари китобхонаи марказии ноҳия Шаҳло Умарова бо дастранҷи ҳунармандон шиносои пайдо намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд. Инчунин барои ташкили чорабинӣ ба фаъолони маҳфил ва ҳунармандон изҳори сипос намуда, барои фаъолияти минбаъдаи ҳунармандон муваффақият ва орзӯҳои некро таманно карданд.  Мавриди зикр аст, ки намоиши корҳои ҳунармандон, баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи меҳнатдӯстии сокинон нақши босазо гузошта, барои рушди ҳунармандӣ мусоидаи хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>