Санҷиши ташкилоти ибтидоӣ

ХУҶАНД. Дар асоси нақшаи кории бахши омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи омори кумиҷроия Ғуфрон Шарипов аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият» дидан намуда, раванди қабул ба сафи ҳизб, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбӣ, рафти хонишҳои сиёсиро мавриди санҷиш қарор дод. Зимни санҷиш маълум гардид, ки мувофиқи феҳристи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб пешниҳод карда шудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд. Фаъолияти корӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур бо маром идома ёфта истодааст ва масъулини ташкилоти ибтидоӣ мунтазам иҷрои ҳадафҳои барномавии ҳизбро дар мадди назари хеш қарор дода, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Лозим ба зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии «Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият»  ба қатори ташкилотҳои ибтидоии беҳтарин дохил буда, мунтазам супоришҳои мақомоти болоии ҳизбро иҷро мекунад ва дар баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзад. Чунин санҷишҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>