Мулоқот бо хатмкунандагон

20180426_103620

ПАНҶАКЕНТ. Имрӯз тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент мулоқоти муовини раис – мудири шуъбаи кор бо занон Парвина Тошева, мудири шуъбаи ташкилӣ Шерзод Раҳматов ва мудири бахши омор Ҳамзира Замонова бо коллективи омӯзгорон ва хамкунандагони мактабҳои № 34, 47 ва 29-и шаҳр баргузор гардид. Дар мулоқот дар мавзӯҳои «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан рафт. Кормандони ҳизбӣ хамкунандагонро даъват намуданд, ки муаррифгари ватани худ бошанд, дар ҳар куҷое, ки бошанд номбардори ватан шаванд, омӯхтани касбу ҳунарро,  ки дар оянда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон лозим мешавад, дар мадди аввал гузошта аз руи ихтисосҳои интихобнамуда дар Донишкадаҳои дилхоҳашон бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд ва ҳамчун мутахассисони хуб ба воя расанд. Ин пешниҳодҳоро хатмкунандагон Бобоева Ҷонона ва Шарифов Набиҷон  ва дигарон дастгирӣ намуда иброз доштанд, ки мо ҷавонон тарафдори сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлату ҳукумат буда, барои пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>