Намоиш – озмуни «Дастони моҳир»

ҶАББОР РАСУЛОВ. Бахшида ба «Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар майдони назди пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов намоиш-озмуни маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ таҳти унвони «Дастони моҳир» байни муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабии ноҳия баргузор гардид. Шогирдони муассисаҳо намунаҳоро аз рӯйи ҳунари атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, гаҷкорӣ, челонгарӣ, оҳангарӣ, ширинипазӣ, қаннодӣ, нонпазӣ ва хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузоштанд. Дар чорабинӣ раиси ноҳия Салимзода Комил ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қурбонов Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ раиси ноҳия Салимзода Комил қайд намуд, ки: «Тоҷикистони азизи мо бо вуҷуди ҷавон буданаш дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи махсуси худро пайдо намудааст. Бемуболиға изҳор карда метавонем, ки дар ин самт хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Бо дурандешӣ ва сиёсати хирадмандонаи хеш тавонист халқи тоҷикро ба рӯзҳои орому осуда, ваҳдату ягонагӣ расонад. Яке аз омилҳои зинда гардонидани фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ва дастрасии он ба ҷаҳониён «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 мебошад, ки қадами устуворест барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ. Бо пешниҳоди мазкур шароит ба миён меояд, ки ҳунарҳои мардумӣ сайқал ёбанд. Ҳунару ҳунармандӣ дар ҳама давру замон мақому манзалати махсус дошта, аз замонҳои қадим анъанаҳои пешавариро ба бузургон хос медонистанд. Ҳунармандон бо туфайли ақлу идрок, андеша, ҷаҳонбинии созанда ва накутарин хислатҳо ба воситаи дастони моҳири хеш маҳсул меофаранд. Маҳз дастони муъҷизаофари ҳунармандон зиндагии инсонҳоро рангину фараҳбахш намуда, ҳастии моро маънӣ ва камолоти одамиро замина мебахшад. Аз ин лиҳоз, эъҷози дастони ҳунарманд нишонаи зиндагӣ, шукуфоии кишвари биҳиштосо ва василаи ташаккули эҳсоси зебоипарастию худшиносӣ барои наслҳои ояндаи мо ба шумор меравад. Имрӯз бо мақсади мусоидат ба инкишофи бонизоми фарҳанг, эҳтиром ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ намоиш-озмуни «Датони моҳир» бахшида «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 бо намоиши зиёда аз 25 намуди ҳунарҳои мардумии хоси ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуда истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии ҳамешагии раиси вилояти Суғд муҳтарам раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгонамон ҷидду ҷаҳд намуда, дар ноҳия 6 марказҳои таълимӣ-истеҳсолии матоъбофӣ ташкил намуд, ки дар онҳо зиёда аз 20 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ насб гардида, 280 нафар шогирдон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Таърих исбот намудааст, ки ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик беҳисоб аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки касбу ҳунарҳоро ҷиддитару хубтар аз худ намуда, барои ривоҷ ва истеҳсоли он саҳмгузор бошем ва ҳунарҳои беназири халқи азизамонро бо тобиши рангу бори тоза, муҳаббати бепоён ва самимияти афзун намоиш диҳед. Имрӯзҳо моро зарур аст, ки шукронаи рӯзгори ободу осоишта намуда, барои боз ҳам гулгулшукуфоии кишвари азизи худ саҳми гузошта, барои равшану возеҳ нишон додани ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу маданияти миллии халқи худ ҳиссагузор бошем». Дар охир аз тарафи дастаҳои ҳаваскорони муассисаҳои таълимӣ барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>