Бахшида ба 140-солагии Садриддин Айнӣ

ДЕВАШТИЧ Ба хотири арҷгузорӣ ва барои қадрдониву қадршиносии заҳматҳои ин абармард таҷлили ҷашни  140-солагии Садриддин Айнӣ дар муассисаи таълимии №51 ноҳияи Деваштич  бо як чорабинии бо шукуҳ баргузор гардид. Ҳамчунин дар муассисаи мазкур ҳафтае ба Устод бахшида шуд, мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо бори дигар хизматҳои шоёни ин абармардро ба насли наврас нишон додан мебошад. Дар чораҷуиҳо, соатҳои тарбиявӣ, саволу ҷавобҳо ва озмунҳои гуногун бо иштироки фаъолонаи хонандагон басо хотирмон буд. Чорабинии «Тулӯи хуршеди маонӣ» «Саволу ҷавоб» ва конфронсҳо бо иштироки хонандагон аъзоёни фаъоли «Созандагони Ватан» диққатҷалбкунанда доир гардид. Толибилмон оиди фаъолияти нависандагию шоирӣ, рӯзноманигорию омӯзгорӣ, таърихнигориву маорифпарварии Устод Айнӣ маърӯза намуданд. Аз рафти чорабиниҳо маълум гардид, ки хизматҳои шоёни Устод дар дилу дидаи ҳар як хонанда ҷой гирифтааст.  Мавриди закр аст, ки ба ҳар як насли навраси мо ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дарси ибрат гардад. Ҷавонони мо низ давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони хеш бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>