Сафи аъзоёни ҳизб меафзояд

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри ҷалби аъзоёни нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.  Рузи гузашта мудири шуъбаи омор Отабоев Пулод ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод дар кӯдакистонҳои №8, 10, 22, 23, МТМУ №6, МТМУ №12, МТМУ №13, МТМУ №19, МТМУ №22 ва МТМУ №38 дар фазои тантанавӣ ба 42 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб баҳри амалисозии ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ кушиш ба харҷ дода, дар корҳои ҳизбӣ, тарғиботию ташвиқотӣ барои ҷалби бештари аъзоён фаъол бошад. Сафи ҳизбро мо бояд аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони Ватандӯсту Ватанпараст пур созем. Қабули аъзоён ба сафи ҳизб дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>