Ташкили озмуни «Сарбози беҳтарини наврас»

БӮСТОН. Тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон МИҲД-и шаҳр озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Сарбози беҳтарини наврас» ташкил ва гузаронида шуд. Озмуни мазкур дар толори варзишии муассисаи таълдимии Гимназияи 2-и шаҳр баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 70 нафар толибилмони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ширкат ва қувваозмоӣ намуданд. Мақсади ташкил намудани озмуни мазкур ин баланд  бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас ва ҷавон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошад. Пас аз фарҷоми озмун гурӯҳи дастаи толибилмони Гимназияи 2-и шаҳр, ки ғолиби озмуни  мазкур шуда буданд бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>