Теъдоди ташкилоти ибтидоӣ боз як адад афзуд

ашт

АШТ. Рӯзи гузашта маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии КДФ «Лоиҳакаш» баргузор гардид, ки дар он 7 нафар аъзои ҲХДТ ширкат варзиданд. Ҷаласаи умумии ҳизбиёнро директори корхона Раҳмонова Д. ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки кормандони муасисса фаъолияти хешро бомаром роҳандозӣ намуда, барои иҷроиши дурнамо ҳамешагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамаи коркунон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, аз сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҲХДТ ба хубӣ бархӯрдор бархӯрдоранд ва баҳри татбиқи амалии он пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд. Сипас таклиф пешниҳод намуд, ки дар назди корхона бо мақсади ташвиқу таблиғи қарорҳои ҳизб ва иҷрои Барномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шавад. Ҳамин тариқ, дар назди Корхонаи давлатии фаръии «Лоиҳакаш» ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он Раҳмонова Д. интихоб карда шуд. Дар кори ҷаласаи муассисони созмони ибтидоӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Б.Зиёӣ иштирок намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз ҷониби ҳизбиёни муассиса ин дастгирии сиёсати роҳбарияти ҲХДТ буда, ҳамзамон муттаҳидии аъзоёнро дар коргоҳ собит месозад. Ва миннатдории хешро дар ин ҷода баён намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат  ҳамзамон оид ба ваколатҳои раиси ташкилоти ибтидоӣ, мавқеъ ва вазифаҳои аъзоёни ҳизб, суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ  суханронӣ намуд. Дар интиҳо ба шахсони нав ба сафи ҳизб қабулгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>