Таъсиси ташкилоти ибтидоии нав

ГУЛИСТОН. Мувофиқи банди 3.2 оинномаи ҲХДТ  боз як ташкилоти ибтидоии нав дар корхонаи давлатии фаърии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и  шаҳри Гулистон”  таъсис дода шуд. Дар маҷлиси ҳизбии корхона, Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М.Ғ баромад намуда, дар бораи мақсаду мароми ҳизб, барномаи он, ки ҳамчун барномаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст ва талаботҳои “Низомнома” ва “Оиннома”-и ҳизб суханронӣ намуд. Ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, Ҷамолиён М.Ғ. пешниҳод намуд, ки  Содиров Ҷамшед  раиси ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Зарзамин» дар  корхонаи давлатии фаърии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”шаҳри Гулистон” интихоб карда шавад. Содиров Ҷамшед Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  интихоб гардид. Аз номи 6 нафар коркунон ба Кумитаи Иҷроияи шаҳрӣ ариза дар бораи қабул шудан ба сафи ҲХДТ ворид гардид. Кумитаи Иҷроия аризаро қонеъ гардонид ва 6 нафар ба сафи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қабул карда шуданд. Дар маҷлис, бо камоли эҳтиром, дар вазъи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Пас аз супоридани шаҳодатномаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки сафи ҳизбиён дар корхонаи давлатии фаърии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” боз ҳам афзун ёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>