Иқдоми занони рӯзгордида

ИСФАРА. Мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо занони рӯзгордидаи деҳоти Шаҳрак хотирмону муфид буд. Занон бо шукргузорӣ аз сулҳи ваҳдат, ободиву оромии кишвар изҳор карданд, ки фарзандони номварашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати Модар–Ватанро ба ҷо оварда истодаанд. Қарзи муқаддаси модарии ҳар як зан пеш аз ҳама ба воя расонидани фарзанди сазовори Ватан, ки манфиатҳои давлативу соҳибистиқлолиро аз манфиатҳои шахсиаш боло мегузорад.Ҳамасола ҷавонони деҳоти Шаҳрак бо амири дил ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода мегарданд. Имсол аллакай 14 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин деҳот саф кашидаанд. Дар мулоқот ба занони рӯзгордида муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов ва собиқадори ҳизб М.Воситова барои саҳми арзанда дар тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии насли наврас изҳори минатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>