Вохурии навбатӣ бо ҷавонон

конибодом вохури

КОНИБОДОМ. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва Раёсати маорифи шаҳр оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифроти вохӯриҳо баргузор шуда истодааст. Санаи 1 майи соли ҷорӣ чунин вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов баргузор гардид.Дар вохӯри мудири шӯъбаи ташкилии КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Ф, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИШ ҲХДТ Шарипов А ва мушовири раёсати маориф Олимова М иштирок намуда доир ба шомилшудани ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, ки аз сабаби паст будани дониш ва фирефтаи ваъдаҳои холӣ мешаванд,суханронӣ намуда ҷавононро ба роҳи дуруст ва донишандӯзи ҳидоят намуданд. Дар вақти вохӯрӣ иштирокчиён ва меҳмонон сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳи пешгирифтани он муҳокима намуданд. Баъд муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов Тоҷибоев Ш доир ба 6 нафар ҷавоне, ки аъзои гурӯҳҳои ифроти буданд ва оқибати онҳо чишуд суханрони намуда,барои ташкили чунин вохӯри ба меҳмонон аз номи Ҷамоат ва иштирокчиён миннатдорӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>