Мулоқот бо бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил

БӮСТОН. Мулоқоти Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил баргузор гардид. Роҳбари шаҳр нахуст аз раванди корномаҳои беназири фарзандони ҷоннисори Ватан дар амри иштирок ва бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки хизматҳои шоёни Чернобилчиён аз ҷониби давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дода шуда, раванди табобат ва вазъи иҷтимоии онҳо зери назорат қарор дорад. Зикр карда шуд, ки баҳри бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри Бӯстон низ 200 нафар ҷавонмардон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзиданд. Дар интиҳо ба иштирокдорон кӯмакҳои молиявӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Некбахтбегим Файзуллоева бартарафкунандаи садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил аз шаҳри Бӯстон изҳори сипосмандии хешро ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба Ҳукумати кишвар ва хосатан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд. Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Бӯстон имрӯзҳо 9 нафар бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 2 оилаи бесаробонмондаи фоҷеаи мазкур умр ба сар мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>