Қадршиносии Чернобелчиён

Деваштич Чмулокоти чернобел

ДЕВАШТИЧ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода бо иштирокчиёни садамаи Чернобел баргузор гардид. Раиси ноҳия ҳамаи иштирокчиёни садамаро табрик намуда, барои хизматҳои онҳо миннатдории хешро изҳор намуд. Инчунин қайд гардид, ки барои дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас хизматҳои Шумо ҳамчун мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Ба иштирокчиёни садамаи Чернобел Сипоснома ва тӯхфаҳои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуд. Аз номи ҳамаи Чернобелчиён А.Ғаффоров барои ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро изҳор намуд. Инчунин барои қадршиносии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ҳамасола доир мегардад арзи сипос кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>