Мубориза бо коррупсия — тақозои замон

бустон Коррупсия

БӮСТОН. Дар толори шуъбаи маорифи шаҳр баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти рақами 1504 дар бораи қабули «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» бо иштироки сарварони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, муовинони директор ва дигар кормандони соҳа мулоқот баргузор гардид. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғафурҷон Маҳмудзода ифтитоҳ гардида, мавсуф ба масъулин оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва амсоли инҳо дастуру супоришҳо дод.  Вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода маърӯза намуда, аз раванди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷро накардани Барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи он, ки ҷавобгарии маъмуриро талаб мекунад ёдовар шуд.  Ҳамзамон оид ба тадбирҳои андешида дар самти муқовимат бо коррупсия дар соҳаи маориф мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷамолиддин Насриддинзода ибрози назар намуд. Сармутахассис оид ба масъалаҳои маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Камолиддин Миркамолов низ оид ба роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои марбут ба коррупсия сухан ронд. Дар интиҳо баҳри роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб муовини Раиси

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>