Гирандагони Стипендияи КИ ҲХДТ барои соли 2018 муайян шуданд

ГУЛИСТОН. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмун барои дарёфти Стипендияи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  дар соли 2018 баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи озмун, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон М.Ҷамолиён оид ба ҳадафҳои ин иқдом сухан гуфт. Гирандагони Степендия тариқи озмун ва хулосаи комиссия муайян карда шуданд.   Тибқи хулосаи комиссия 15 нафар муҳассилин гирандагони степендияи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ барои соли 2018 эътироф шуданд. Иқдоми мазкур боз як далели дигари дастгирии наврасону ҷавонони соҳибистеъдод аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар “Рӯзи ҷавонон” шаҳодатнома ба гирандагони стипендия дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон супорида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>