Иншоотҳои нав бунёд мегардад

ДЕВАШТИЧ. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳматзода баробари ташриф овардан барои бунёди чандин иншоотҳои зарурӣ санги асос гузошт.  Дар деҳаи Яхтан дар майдони он 1,2 гектар барои бунёди кӯдакистон санги асос гузошта шуд. Мавриди зикр аст, ки кӯдакистони мазкур барои 240 нафар пешбинӣ гардида, бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон зиёда аз 50 нафар занҳои маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Инчунин барои бунёди бинои Маркази саломатӣ низ санги асос гузошта шуд. Бунгоҳ низ бо тарҳи замонавӣ бунёд мегардад. Аз 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо сатҳу сифати баланд сохта мешавад. Ҳамчунин Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо аҳолӣ оиди бунёди бинои иловагӣ дар назди Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, бунёди боғи фароғатӣ дар ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Урунбек Ёқубов, таъмири пурраи муассисаи таълимии №17 деҳаи Яхтан, сохмони варшизгоҳи замонавӣ ҳарф зад. Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷамоати деҳоти Яхтан рӯзҳои наздик барои обёри намудани заминҳои ҳудуди Ҷамоат 5 чоҳи амудӣ оғоз мегардад. Ва 17 келометр роҳ аз шоҳроҳи Хӯчанд то маркази ноҳия мумфарзш карда мешавад. Аз ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолии Ҷамоати деҳоти Яхтан сипосманд гардида, баҳри дар амал татбиқ шудани нақшаҳои дар пешистода пирони хирад дасти дуо бардоштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>