Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

ДЕВАШТИЧ Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмону бунёдкориҳо дидан намуд. Сафари кори Раиси вилоят бо гузоштани чандин санги асос барои бунёди иншоотҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтан оғоз гардид. Баъдан аз ҷониби Раиси вилоят дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қабули шаҳрвандон доир гардид. Назидик ба 50 нафар сокинони ноҳия барои ҳалли муаммоҳои хеш ба қабули Раиси вилоят ворид гардиданд. Асосан шаҳрвандон барои саҳми замин, ҷиҳати таъмини оби полезӣ ва оби нӯшокӣ, сохтмони Обанбор дар деҳаи Далёни Боло, сохтмону таъмири мактабу варзишгоҳҳо, таъмири роҳҳо, доири нафақа, оиди кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб муроҷиат намуданд. Масъулини соҳаҳо ҷиҳати иҷроиши муроҷиатҳои шаҳрвандон вазифадор гардиданд. Баъд аз итмоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар маҷлиси фаъолон тамоми сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва дигар масъулин ширкат варзиданд. Раиси вилоят Рачаббой Аҳмадзода оиди дастовардҳо ва базъе камбудиҳои ҷойдошта дар ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дод. Барои иҷрои саривақтии ҳамаи вазифаҳои дар пешистода дастуру супоришҳо дод. Инчунин оиди таълиму тарбия дар муассисаҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон дар ҳизбу ҳаракатҳо, ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавоноу занон ба ҳунаромӯзию ҳунармандӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуд. Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз номи кулли шаҳрвандони ноҳия изҳори сипос намуда, ташрифи Раиси вилоятро оғози бунёдкориву созандагӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи сҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>