Ҷини “ҳоҷатбарор”-и хоҷа

адеша

АНДЕША. Дар ҳар давру замон дар кишварҳо инсонҳое ба дунё меоянд, ки бо кирдору рафтори ношоями худ боиси нафрати падару модар, ҷомеа ва тамоми сайёра мегарданд. Ин нафарон аслан аншеа ва мақсади муайян надошта,  бо супориш ва дастгирии хоҷагонашон умр ба сар мебаранд. Ҳатто барои татбиқи супориши хоҷагонашон аз тамоми арзишҳои муқаддас рӯй гардонида, баҳри расидан ба бовариву эътимоди хоҷагони хеш ҷаҳду талош меварзанд. Аз табори чунин нохалафон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хосатан фарзанди хоин ва носипоси Ватан Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки ҳамарӯзаву ҳамасоата аз дастгириҳои хоҷагонаш бархӯрдор гардида истодааст. Ин гумроҳ баъди ошкор гардидани амалҳои разилонааш аз кишвар фирор намуда, дар паноҳи хоҷагонаш зиндагониашро ба сар бурда истодааст. Кабирӣ имрӯзҳо гӯё барои бароварда сохтани орзуву ормонҳои пинҳониву разилонаи хоҷагонаш ҷаҳду талош намуда, ҳамчун ҷини “ҳоҷатбарор”  амал намуда, мунтазам барои афзун намудани сафи ҷангиёни давлати исломӣ, сафи ташкилотҳои террористӣ ва дигар созмонҳои тахрибкор аз ҳисоби наҳзатиён ва ҷавонони ноогоҳи кишвар ҷаҳду талош намуда истодааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки мавқеи хешро нисбат ба Кабирии бешараф, фарзанди хоин ва гумроҳи миллат муайян намуда, нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми ин ҷини хоҷагон афтида, ҳаёташро бисӯзанд.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>