Вохӯриҳо бо хатмкунандагон

АЙНӢ. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тарғиби илму ҳунар, ҷалби ҷавонон бахусус ҷавондухтарон ба таҳсилоти олӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия силсилаи вохӯриҳоро ба роҳ монд. Дар вохӯриҳо доир ба идома додани таҳсил, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар бо ҷавонон сӯҳбат гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ оид ба фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ,омӯхтани касбу ҳунар  кормандони Комиҷроия бо хонандагон сӯҳбат гузарониданд. Аз вохӯриҳо аён гашт, ки ҷавонон бештар ба таҳсил дар Донишгоҳҳо майлу рағбат доранд. Бархе аз хонандагон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ  ба Литсейи касбӣ-техникии “Айнӣ” фаро гирифта шуда, соҳиби касбу кори гуногун, аз қабили ронандагӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ, мутахассиси компютер ва дӯзандагӣ мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>