Ҷовидон бод ҷавонӣ

АЙНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бахшида ба омад-омади Иди ҷавонон ҳамоиш таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Нахуст, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода баромад намуда, ҷавононро бо омад-омади Иди ҷавонон муборакбод намуда, доири дастовардҳои ҷавонон дар соҳаи футбол ва муҳорибаҳои тан ба тан ҳарф зада, барои фаъолияти назарраси ҷавонони варзишгарони ноҳия изҳори сипос намуд ва бо дастгирии   Раиси ноҳия моҳи январи соли 2018 аввалин маротиба дар ноҳия Федератсияи футбол  ташкил карда шуд, ки дар ибтидо гурӯҳи футболбозони ноҳия, ба вилояти Суғд сафар намуда, бо дастаи футболбозони шаҳри Конибодом мусобиқа намуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ҳарифи худро шикаст доданд, ки ин боиси ифтихори ҳаряки мо бошандагони ноҳия мебошад. Дар идоми мулоқот муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода оиди дастовардҳо ва муаммоҳои ҷойдоштаи ҷавонони ноҳия маълмот дод. Инчунин, бо пешниҳоди раиси ноҳия байни ҷавонон гуфтугӯи озод баргузор карда шуд, ки дар он ҷавонони фаъоли ноҳия, миннатдорӣ ва дархостҳои худро ба раиси ноҳия расониданд.  Дар интиҳо ба якчанд хонандагон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳия идрорпулии раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>