Дарси кушод: “Аз ноогоҳию нофаҳмӣ то ба ифротгароӣ”

АШТ. Тибқи нақша — чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дарси кушод бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи “Аз ноогоҳию нофаҳмӣ то ба ифротгароӣ”  дар МТМУ №65 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар сӯҳбат мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Рузиматов. Д ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳоҷиматова Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Рузиматов. Д зимни баромад зикр намуд, ки  ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстреризм, тероризм  ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард.   Ҷавонони  моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама истодагарӣ намуда, муборизаи зеҳнию ақлӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз воқеот  ва навгониҳои рӯз ғайри имкон мебошад. Машғулияти кушод бо хонандагон дар рӯҳияи баланди сиёсӣ ташкил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>