«Мо бар зидди коррупсия мубориза мебарем!»

СПИТАМЕН. Имруз дар пояи ташкилоти ибтидоии «Куруш» бо зиёиёни МТМУ №23, муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №7 ва кормандони ҷамоати деҳоти Куруш вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ташкилӣ В.Болтуева, сармутахассиси самти ҷавонони кумитаи иҷроия Д.Абдуқаюмова, шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Куруш» М.Қучқорова иштирок намуданд.  Ҷиҳати муайян намудани омилҳои ба пайдоиши коррупсия мусоидаткунанда ва дарки оқибатҳои номатлуби коррупсия, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез, сиёсати ҷавонони имруза дар арсаи ҳаёт ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мазмун ва мундариҷаи вохӯрӣ ҳисоб ёфт. Директори МТМУ №23, Каримова Ойзода зимни суханронӣ ба масъалаи ҷиддии таълиму тарбияи насли навраси ояндасоз истода гузашт. Қайд намуд, ки насли наврасро дар фазои ватандӯстию меҳанпарастӣ, илму дониш, зебоипарастӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, саводнокию ҷисмонан инкишофёфта ташвиқ карда завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани диёр, риояи одобу ахлоқу хислатҳои хамидаи миллӣ ба воя расонем.  Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, дар муассисаҳои соҳаи маориф, оид ба пешгирии фаъолияти коррупсионӣ дар байни кормандони муассиса суҳбату машваратҳо, вохӯрӣ бо намояндагони сохторҳои қудратӣ ташкил ва баргузор карда шудааст. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо, ин баланд бардоштани маърифатнокии коргарон, васеъ  намудани дониши ҳуқуқии ҳар як корманд мебошад. Зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионӣ, ин гуна ҳодисаҳои номатлуб имруз бояд ҷиддиян пешгирӣ карда шавад.  Қайд кардан зарур аст, ки ҷиноятҳои хислати коррупсионидошта дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир асосоҳои давлатдориро заиф намуда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани хатари коррупсия дар ҷомеа имрӯз ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.   Оид ба омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин, инчунин ба масъалаҳои дигари мубрами руз – терроризму ифротгарӣ ва тундгароии хушунатомез ва сиёсати ҷавонони имруза дар арсаи ҳаёт суҳбат ороста шуд. Барои ибрози фикру андешаи худ мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия В.Болтуева, сармутахассиси самти ҷавонони Кумитаи иҷроия Д.Абдуқаюмова, шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Куруш» М.Қучқорова, мутахассиси кор бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Куруш Ҷумаева Мадина суханронӣ намуданд. Бинобар ин, ҳар нафари ватандӯстро лозим аст, ки баҳри аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуб дар ҷомеа муборизаи беамон барад ва ба пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд. Кормандони муассисаҳои соҳаи маориф низ  бояд дар муассисаҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотиро вусъат бахшида маҳз чунин чорабиниҳои лозимиро мунтазам бояд ба роҳ монанд, баҳри баланд бардоштани тафаккури зиддикоррупсионӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб дар миёни кормандонашон тамоми тадбирҳоро андешанд.  Дар фарҷоми вохӯрӣ, ба 23 нафар  шахсони арзандаи ташкилоти ибтидоии «Куруш» шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>