Милитсия таъмингари осоиштагии сокинон

Деваштич_шурои милитсия (2)

ДЕВАШТИЧ. Дар шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 98 нафар собиқадорони соҳа дар қайд мебошанд, ки асоси шӯрои собиқадоронро ташкил медиҳад. Дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии ҷараёнгирифтафаъолияти шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Осудагию оромии Ватан, маҳалли зист, пешгирии қонуншиканиҳо, татбиқи қонунҳои амалкунанда дар зиммаи кормандони корҳои дохилӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали истиқлолият садҳо кормандони милитсия барои ҳифзи ҳукумати конститутсионӣ сина сипар карданд, дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шуданду зумрае ҷароҳат гирифтанд. Аз ҷумла Авазҷон Насриев, Ҳусейн Баротов, Ҳикматулло Ҷамолов, ки дар шӯъбаи дар Деваштич будаи Вазорати корҳои дохилӣ кор мекарданд, дар ҳамин муборизаҳо қаҳрамонон ҳалок шуданд ва имрӯз барои абадӣ гардондани номи онҳо кўчаю муассисаҳои таълимӣ ба номи онҳо гузошта шудааст. Дар ҷаласаи ҳисоботи интихоботии шӯрои собиқадорон, ки таҳти раёсати раиси Раёсати шӯрои собиқадорони кормандони милитсияи вилояти Суғд, полковники мустаъфӣ Алиҷон Ҳайдаров ва раиси шӯрои собиқадорони ноҳия Даврон Эргашев ҷараён гирифт дар шӯрои кормандони ҳифзу тартибот Қобилҷон Суярқулов ҳисобот дода қайд кард, ки давоми соли 2016 барои дастгирии моддии собиқадорони 5000 сомонӣ харҷ шуда бошад, соли рафта ин рақам 7200 сомониро ташкил дод. Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба сухан баромада, баҳри беҳбудии фаъолияти шӯро фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуданд ва дар ҷамъбаст аз номи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Сипоснома ба шӯрои собиқадорон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>