Дарси меҳанпарстӣ ва хештаншиносӣ

ИСФАРА. Беш аз 200 нафар хатмкунандагони муассиссаи таълимии №12 ва волидайни онҳо бо гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, дарси меҳанпарстиву хештаншиносӣ доир намуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 яке аз муассисаҳои номвар буда, аз боргоҳи он садҳо олимону сиёсатмадорон, роҳбарону пешқадамони истеҳсолот ба воя расида дар шукуфоии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов аз таърихи соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон, соҳибдавлативу соҳибватании мардуми тоҷик, матонату ҷасорати ҷавонони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанаи ва мушкилоту пайёмадҳои ҷавонон дар марҳилаи нави рушди кишвар ибрози андеша кард. Зикр гардид, ки истиқлолияти баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба даст омада бузургтарин дасоварди миллати тоҷик ва беҳтарин неъмат буда, сокинони кишварро водор мекунад, ки ба ин ганҷи бебаҳо ҳамарӯза шукргузорӣ намоянд, ба қадру қимматаш барасанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мӯҳлати хеле маҳдуд Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гашта башад, ҳам вале ҳанӯз дар таълиму тарбияи насли ҷавон мушкилотҳо кам несттанд., ба хусус дар тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ ва сафарбаршавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳарчанд имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи тавонои ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфтааст, вале як зумра ҷавонон ва волидайни онҳо ин дастоварди беназири таърихиро эҳсос карда наметавонанд.  Дар натиҷа ҷавонони аз вазъи ноҳинҷори муҳоҷирати меҳнатӣ ноогоҳ рӯ ба кишварҳои дигар меоранд. Хизмат дар сафи Артиши Миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу ор аст. Аз ин ҳуқуқи конститутсионӣ бояд, ки ҳар як ҷавон бо ҳидояти волидайн ва омӯзгорон баҳравар гардад. Директори муассисаи таълимии №12 Шаҳло Абдуманонова оид ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуда, аз волидайн хоҳиш ба амал овард, ки дар иҷрои бандҳои қонуни мазкур бахусус ҳамчун шахсият ба камол расидани фарзандонашон дар канор набошанд. Дар дарсӣ меҳанпарастиву хештаншионсӣ мубодилаи афкор байи волидайн, ҷавонон ва гурӯҳи корӣ ба миён омад, ки барои баланд бардоштани ҳиссӣ эҳтиром ба Ватан ва давлату давлатдорӣ бетаъсир нахоҳад монд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>