Санҷиши ташкилотҳои ибтидоӣ

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Раҳимова Муяссар ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Гулбаҳор  ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ»-ро  омӯхта, бо роҳбари он Асадова Насиба оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат намуданд. Тибқи дастурамали коргузорӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳо, низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.  Ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ» дуруст ба роҳ монда шуда, барои пурра намудани он муҳлат гузошта шуд. Тибқи нақша оид ба расонидани ёрии методӣ ба Ташкилотҳои ибтидоӣ  кор давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>