Семинари дастурдиҳӣ

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар маҷлисгоҳи КИИ минтақаи Хистеварз бо иштироки шахсони масъули КИИ ва ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати Хистеварз семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид. Семинарро муовини озоди КИИ дар минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М., ҳусни ифтитоҳ бахшида намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявиро шинос намуд. Сараввал собиқадори ҳизб Охунова А.В., доир ба таърих ва фаъолияти ҲХДТ дар ноҳия гуфта гузаштанд. Ҳадафи баргузории ин семинарро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроия Абдуллоев С., шарҳ дода, иброз дошт, ки мақсади ташкили ин семинар дар он аст, ки шинос намудани кормандони масъули КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ бо тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, пеш бурдани кори ҳизб, иваз намудани таҷрибаи ҳамдигар, бохабар намудан аз навгониҳои сиёсӣ, тарғибу ташвиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни мардум. Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумитаи иҷроия Солиева М., баромад намуда, қайд кард, ки аъзои ҳизб бояд шахсоне бошанд, ки барояшон манфиатҳои халқу Ватан аз манфиатҳои шахсӣ авлотар аст, гуфторашон аз кирдорашон фарқ намекунад, дилу нияти пок доранд, ба ҳамсафони ҳизбиашон содиқ ҳастанд ва ба хиёнат роҳ намедиҳанд. Кумитаи иҷроия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як узви ҲХДТ ба ҳадафҳои пешгирифтаи он эътимоди қавӣ дошта, ба кори ҳизб ва ғояҳои созандаи он содиқу устувор бошад. Мо бояд дар чорабиниҳои сиёсӣ ширкати фаъол дошта бошем. Мардум бинанд ва донанд, ки мо бо корҳои мушаххаси амалӣ рӯзгори мардумро обод мекунем. Кормандони кумитаи иҷроия оиди сохтори ташкилӣ, тартиби бақайдгирии узви ҳизб, ҳуҷҷатнигорӣ, ҷиҳозонидани гӯшаҳои ҳизбӣ бо фаро гирифтани нишондодҳои Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб ба иштирокчиёни семинар маълумотҳои мушаххас доданд. Баргузории чунин семинар дар дигар КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>