Машварати кории назди Раиси вилоят

СУҒД. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор шуд. Дар машварати корӣ муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисону шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ  ширкат варзиданд. Дар оғози машварат Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 27 апрели соли 2018 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ба ҳозирин маълумот дод ва сипас масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои кишоварзиву саноат, маорифу тандурустӣ ва рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ гузориш дод. Гуфта шуд, ки кишоварзони вилоят  то ба санаи 30 апрел дар майдони 148,7 ҳазор гектар зироатҳои баҳорӣ кишт намуданд. Соли равон нақшаи кишти пахта 58 ҳазор гектар муқаррар гардида, то ба санаи зикршуда дар 55 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва танҳо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи пешбинишударо ба андозаи 100 дарсад иҷро намудааст. Муовини Раиси вилоят ҳамзамон доир ба рафти кишти картошка, сабзавот, тақсимоти тухмии кирмак ва исеҳсоли пилла, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах, маълумот дод. Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ аз масъулин тақозо намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолтар бошанд ва нақшаҳои пешбинишударо саривақт иҷро намоянд. Масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати истифодаи тухмиҳои серҳосил, ҷамъоварии хӯроки чорво, таъминоти заминҳо бо оби полезӣ, барқарорсозии гармхонаву сардхонаҳо, рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, назорати истифодаи заминро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Сипас, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ гузориш дод. Зикр гардид, ки дар соҳаи маориф афзалият асосан ба ҷараёни амалишавии барномаҳои давлатӣ, созмон додани кабинетҳои фанниву компютерӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо лавозимоти зарурӣ, бунёди муассисаҳои томактабиву мактабҳои хусусӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, пурзӯр намудани пояи моддиву техникии мактабу кӯдакистонҳо равона  шуд. Дар гузориши муовини Раиси вилоят инчунин доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҷараёни иҷрои барномаҳои давлативу соҳавӣ, фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ маълумот ироа гардид. Дар поёни машарат Раиси вилоят доир ба масъалаҳои баррасишаванда изҳори андеша намуда, ҷиҳати таъмири китобхонаҳо ва мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, таъсиси дӯконҳои фурӯши китоб, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба вилоят, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, таъмини нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрандон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дарпешистода вазифагузорӣ намуд. Ба масъулин ҳамчунин дастур дода шуд, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>