Террористе, ки мусибаташ падарро аз пой афтонду кушт

АНДЕША. Волидайн пас аз ба дунё омадани тифл нахуст бо ниятҳои наҷиб ва орзуву умеди бепоён ӯро номи нек гузошта, барои ба камол расидан ва инсони нек шудани ӯ ҷаҳду талош меварзанд. Худ намехӯранду фарзандро мехӯронанд. Худ намепӯшанду ҷигарбандашонро мепӯшонанд. Шабҳо шабзиндадорӣ намуда, худ намехобанду фарзанди азизашонро мехобонанд. Ва хулоса тамоми ҳастии хешро баҳри фарзандаш бахшида, мекӯшад, ки тифли нозпарвардаш хубу саодатманд ба воя расида, фардо дар дами пирӣ дастгиру мададгораш гардад. Ба таъбири шоири бузург Тошхоҷа Асирӣ:

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Аммо мутаассифона мисли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар нохалафоне низ дар дунё арзи ҳастӣ доранд, ки аз гуфтаи волидойн берун по ниҳода, ҳатто волидонро мусибатзада карда, ба Модар-Ватан хиёнат мекунанд. Тавре маълум аст террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистии эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳатто ба гуфтаҳои падараш гӯш наандохта, аз кишваре, ки дар он ба воя расидааст фирор карда, имрӯзҳо бар муқобили Ватан – Модар сангпартоӣ мекунад. Борҳо падари Муҳиддин Кабирӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ ба фарзанди нохалафаш муроҷиат намуда, хостори ба Ватан баргаштани ӯ карда буд, аммо муроҷиаташ ҳамчун падар ба писараш нагузашт. Падари Кабирӣ аз рафтору кирдори разилонаи фарзандаш ҳамарӯза тариқи расонаҳову садову симо огоҳ гардида, аз ба камол расидани чунин фарзанд борҳо изҳори норозигӣ кардааст. Тибқи иттилои бархе аз хешовандони наздики Тилло Кабиров, ӯ баъди ба бемории вазнин гирифтор шуданаш, ки сабабгори асосии ӯ фарзанди хоинаш террорист Муҳиддин Кабирӣ мебошад, Кабириро оқ карда будаст…Маҳз чунин кирдору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ба он боис гардид, ки падараш дар назди хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон шармсор гардида дар дами пирӣ аз азоби фироқи фарзанди хоин ба бемории сактаи қаблӣ гирифтор гардида, ҷон ҷон холиқи ҷонофарин супорид. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷанозаи модараш тариқи онлайнӣ иштирок карда буд ва ба иштирокдорони намози ҷаноза тариқи микрофони телефони мобилӣ изҳори хушнудӣ карда буд ва дар ин кор таҷрибаи кофӣ низ дорад дар ҷанозаи падараш низ тариқи онлайн иштирок кард. Ҳатто лоиқи ба ҳалқи падар рехтани як қатра об дар дами марг нагардида, аз дидори гарми падар маҳрум гардид. Яъне аз ин равшан бармеояд, ки мусибати Кабирии террорист падарашро аз пой афтонду кушт. Ба ҳамин монанд имрӯзҳо чандин тан аз хоинони миллат ба мисли Шарофиддин Гадоеву дигарон аз дидори гарми падар маҳрум гардида, ҳатто аз гӯшаи тобути падар набардоштаанд. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, ҳатто аз онҳо рӯй гардонидаанд. Мо ҷавонони худогоҳу хештаншинос рафтору кордори чунин бешарафонро маҳкум менамоем, намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон ҷавонони моро гумроҳ кунанд!

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>