Шоири мубориз

ДЕВАШТИЧ. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон, ки аз ҷумлаи бузургтарин фоҷиаҳои башарият унвон карда мешавад, мардуми шарафманди Тоҷикистон низ дар қатори тамоми халқҳо ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд. Ҳазорҳо ҷавони меҳандӯсту ватанпараст ҷони худро нисор кардаву дар майдони набардҳо беамон ғалаба ба даст овардаанд. Яке аз чунин ҷавонони далеру шуҷоъ, ки корнамоиҳои зиёде дар ин ҷанг дорад Ҷӯра Ҳамдам мебошад. Ин марди марди шарифу фурӯтан, ватандору ватандӯст соли 1923 дар деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич чашм ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Дар овони наврасӣ ҷасуру далер ва нотарс буду нисбати ҳамсолонаш зираку ҳушёр. Дар он овон машқи шеър мекард ва аз зодгоҳ ва мардуми сарбаланди он меболиду аввалин таронаву шеъргунҳояшро дар васфи ёру диёр ва азизони хеш эҷод мекард. Табиати зебоманзару дилрабои деҳи худро дӯст медошт. Ҳамагон ба ӯ муносибати хеле гарму самимона доштанду дар деҳ шоираш ном мебурданд. Дар дил орзуву ниятҳои неке дошт. Мехост баъди адои хизмати ҳарбӣ рохи имлу эҷодро пеша кунад. Аммо…Аммо ҷанги хонумонсӯз ҳамаи нақшаҳои ӯро дигар сохт. Соли 1940 пеш аз оғоз ҷанг Ҳамдам Ҷӯра аллакай дар хизмати ҳарбӣ қарор дошт. Субҳ Командири қисми ҳарбӣ ба сарбозон аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ хабар дод. Ҳамдам Ҷӯра дар қатори дигар сарбозон барои ҳифз кардани истгоҳи барқӣ равон карда шуд. Ниҳоят вориди ҷанг гардида, барои озод намудани замини шаҳрҳои Москва Смоленск ва Тула меҷангиду рӯз аз рӯз шумораҳои ҷароҳатҳояш меафзуд. Вале майдони ҷангро тарк намекарду дар муҳорибаҳо ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт. Ҳангоми набард дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Тула фашистонро саркуб намуда, тамоми яроқу аслиҳаҳояшонро гирифтанд. Аммо ба пояш тири душман бори дигар бархӯрд. Дар госпитали ҳарбӣ давоми се ҳафта табобат гирифта, ба бригадаи шашуми танкӣ ҳамроҳ шуду боз ба набардгоҳ баргашт. Соли 1942 дар майдони ҷангҳои хунин боз ҷароҳат бардошта, баъди табобати семоҳа ба полки эҳтиётии шаҳри Сердобксий роҳхат гирифт. Моҳи январи соли 1944 дар рафти озодкунии шаҳри Новгород ҷароҳате гирифт, ки тамоми умр аз он ранҷ мебурд ва ин марди наҷибро маҷруҳи гуруҳи I гардонид. Бо тани дардманд ба Тоҷикистон баргашту ҷойи яроқ қалам бар даст гирифт.

Ман зи ҷанг арчи танеро дардманд овардаам,

Бар ту насли нав ҳаёти судманд овардаам.

Ранҷу дарде дорам арчи лек меболам аз он,

Баҳри ту ман бахту иқболи баланд овардаам.

Варо барои ҷонбозиҳояш бо 12 медалу унвонҳои зиёд ва ордени «Шараф»  қадр кардаанд. Ҳамчунин барои хизматҳояш дар рушди адабиёт бо унвони корманди «Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.Ва баъд аз итмоми ҷанг то вопасини нафаси умраш раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанберо дар ӯҳда дошт. Соли 1993 риштаи умри ӯ гусаста шуд. Аз ӯ то имрӯз маҷмӯаи шеърҳо таҳти унвонҳои «Шукрона», «Меҳри Ватан», «Сина сипар», «Марди сарбоз», «Бо номи Ватан», «Сипоснома» боқӣ мондааст. Эҷодиёти шоири муборизро вақте мутолиа менамоӣ, ҳисси ватандӯстии шахс бедор мегардад. Зеро эҷодиёти ӯ ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ бахшида шудааст.  Ин далолат аз ватандӯстиву меҳанпарастии ӯ медиҳад. Рӯзҳо сипарӣ мешаванд аммо қаҳрамонию корнамоиҳои ин абармадони диёр ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>