Вохӯриҳо бахшида ба Иди Ғалаба

ҷр иди галаба

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар ноҳия бахшида ба 73-солагии Иди Ғалаба, вохӯриҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир шуда истодаанд.  Санаи 4 майи соли 2018 вохӯрии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ибрагимов Мирзоалӣ бо хонандагони Гимназияи №1 Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва вохӯрии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ахмедов Маъмур бо хонандагони МТМУ №13-и Ҷамоати деҳоти Гулхона баргузор карда шуд.  Дар вохӯриҳо раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдусаминов Абдуҳаким, раиси Шӯрои собиқадорони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Вайдуллоев Хайрулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Набиев Шерзод, аъзоёни Шӯрои собиқадорони Ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз, Гулхона ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Набиев Шерзод ба сухан баромад, иштирокчиёнро бо 72-солагии Иди Ғалаба табрик намуд. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ибрагимов Мирзоалӣ ва Ахмедов Маъмур дар бораи солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ  нақл карданд. Аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>