Дастони зеббахши бонуи ҳунарманд – аъзои фаъоли ҲХДТ

СПИТАМЕН Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  ноҳияи Спитамен бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Имруз, дар утоқи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  ноҳияи Спитамен ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг», «Истиқлол», «Тағояк» бо як қатор занҳои ҳунарманди деҳаҳои дурдасти ноҳия, бо намоиши маҳсули ҳунариашон аз намуди қуроқдузӣ, адрасбофӣ, омода намудани армуғонҳои миллӣ, вохӯрӣ баргузор гардид. Дар нимаи дуюми руз, бо бонуи ҳизб — бону ҳунарманд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Вилоят Болтуева, гирди мизи муддавар, суҳбат ороста шуд. Шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» Усмонова Гулнора зимни суханронӣ қайд намуд, ки шукрона аз фазои озоди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди саӣёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Имрузҳо ҳунарҳои қадима аз ҷониби ворисони он ҳунармандони чирадасти аҷдоди куҳани халқи тоҷик дар шаклҳои нав пешкаши мардум шуда истодаанд. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолу ба бозор баровардани маҳсули ҳунарҳои хонагӣ дар музофот имкон медиҳанд, ки ҳазорҳо тан сокинони деҳотро ба шуғли даромаднок банд намуда, ҳамзамон бозори дохилу хориҷро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд. Бо дарки ин масъала  як қатор ҳунармандони ноҳияи Спитамен, маҳсули истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ фаъолият нишон дода истодаанд. Ҳунармандии шавқовари бонуи ҳизб – зани сиёсатмадор, қавиирода Вилоят Болтуева диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуд. Ин зани ҳунарманд дар чанд намуди санъат – дӯзандагӣ, лӯхтакдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва омода намудани армуғонҳои миллӣ  устод аст. Барои ноҳияи Спитамен аруси Хуҷандӣ аст. Маҳсули дастонаш дар намоишгоҳҳои Ҳунарнамоии миллӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, +збекистон, Қазоқистон, байни панҷ ҷумҳурии Осиё, водии Фарғона дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии «Фатҳ», растаи ҳунармандон бо номи «Тавозун», гузошта шудааст. Чун иштироккунандаи намоишҳои ҳунарии байни ҷумҳурияҳо соҳиби зиёда аз 20 Сертификат, Диплом ва соҳиби Сертификати «Мероси тиллогини Осиёи Марказӣ» гаштааст. Лӯхтакҳои миллии офаридаи ӯ гуногуну афсонавӣ муаррифкунандаи ҳар минтақаи Тоҷикистон буда тамошои маҳсули дастонаш ба кас ҳаловату неруи тоза мебахшад. Зимни суҳбат бонуи ҳизб В.Болтуева иброз намуд, ки ҳунар ба инсон бахт меоварад, ба ӯ муяссар гардидааст, ки бо як сузани оддӣ сару кор доштанаш ҳам рӯзғори хонаводаашро обод намояду ҳам фарзандонашро баркамол расонад, ҳам ба кори  давлат бо масъулияти  баланд фаъолият барад. Барояш аз ҳама рузи фаромушнашаванда, ин дар рузҳои сафари кории Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен, ҳангоми ифтитоҳи  бинои маркази савдои «Файз» бо Ҷаноби Олӣ мулоқот намудааст ва армуғони миллии худро ҳадя намудааст. Маҳслуи дастонаш дар осорхонаи шаҳри Ош-и Ҷумҳурии Қирғизистон, дар давлатҳои хориҷа Амрико, Фаронса, Англия чун армуғони миллӣ-муаррифкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя карда шудаанд.    Бо ин ҳама пуркорӣ, иродаи қавии сиёсиаш бонуи ҳунарманд ва соҳибзавқ ҳамеша вақт меёбаду симоҳои нави лӯхтакҳои миллӣ, лифофа барои телефони мобилӣ, чайнакпушҳои миллиро меофарад.   Дар фарҷоми суҳбати гирди мизи муддавар,  Усмонова Гулнора  ба ин бонуи ҳунарманд – бонуи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин соли пурфайзу барор, ки пур аз саҳнаҳои нақшу нигори миллӣ, зинда намудани ҳунарҳои мардумист, аз номи ташкилоти ибидоии «Фарҳанг» комёбӣ таманно намуд.

       Қадри меҳнатро бидон, қадри расо аз меҳнат аст,

Қадрдонии ҳақиқӣ ҳар куҷо аз меҳнат аст.

Эй ки роҳат орзу дорӣ, ба меҳнат рӯй ор,

Баъди сармо навбаҳори дилкушо аз меҳнат аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>