Китоб — махзани илму маърифат

АШТ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16.02.2018с. таъкид бар он доштанд, ки: «Бо хотири баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, раҳоӣ ёфтан аз бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги  гузаштаву муосири халқ фаъолияти бонизоми китобхонаҳо ба роҳ монда, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ бештар гардонида шавад». Рӯзи гузашта дар толори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон бо мақсади ҷалб намудани чавондухтарон ба китобхонӣ семинар-машварат таҳти унвони «Китоб — махзани илму маърифат» доир гардид, ки дар кори он раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Мадаминова М., сарвари китобхонаи марказии ноҳия Бегматова Шаҳло ва хонандагони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия ширкат варзиданд.  Раиси Шӯрои собиқадорони  КИН ҲХДТ Мадаминова М. кори семинарро оғоз бахшида,  баргузории чорабинии мазкурро шарҳ дод. Директори китобхонаи марказии ноҳия Бегматова Ш. зимни баромади хеш иброз намуд, ки дар китобхонаи марказӣ зиёда 16340 номгӯи китобҳо мавҷуд буда, ин миқдор ҳамешагӣ дастраси ханандагон аст. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҷавонони мо нисбат ба китобхонӣ шавқи зиёд дошта, сафи онҳо рӯз то рӯз меафзояд. Қисми бештари китобдӯстонро ҷавондухтарон ташкил мекунанд. Мудири шубаи кор бо занони Кумиҷроияи ноҳиявӣ Ҳоҷиматова Ш. зимни маърӯзаи худ аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуда, баён дошт, ки ба масъалаи ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ аҳамияти махсус зоҳир намудани сарвари давлат бесабаб нест. Зеро  тарбияи шахси бофарҳанг ба ояндаи давлату миллат зарурияти муҳим дорад.  Дар чорабинӣ ҷавондухтарон, махсусан хонандаи МТМУ №13 деҳаи Хиштхона Одирматова Дилрабо, хонандаи МТМУ №65 Ҳувайдуллоева Ёсуман ва хонандаи гимназияи №1 Худойбердиева Ҳадя хеле фаъол буда дар бораи асарҳои хондааашон ва мазмуни мухтасари он маълумотҳои мушаххас доданд. Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиён таклиф пешниҳод гардид, ки чунин маҳфилҳо зуд зуд ба роҳ монда шавад, зеро дар ин машварат онҳо нисбат ба китобхонӣ майлу рағбати зиёд пайдо намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>