Об сарвати бебаҳост

ҷр об

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ  Рустамзода Қумринисо бо аҳолӣ вохӯрӣ доир гардид. Рустамзода Қумринисо доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки: «Бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об воқеан ҳам тавонист тариқи талошҳои муштарак дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳое чун «Соли байналмиллалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмиллалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» тавонист корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидани қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷумлаи иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад ва аз он дарак медиҳад, ки дар ҳақиқат Пешвои мо ба тақдири мардуми сайёра бетафовут нестанд».      Дигар баромадкунандагон низ вобаста ба мавзуъ андешаҳои худро иброз намуда, ба сарфакорона истифода бурдани об, тоза нигоҳ доштани сарчашмаҳои он ва тарғиби ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ин самт даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>