Соати сиёсӣ

ашт соати сиёси

АШТ. Тибқи нақша  чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки аъзоёни ҲХДТ Соати сиёсӣ таҳти мавзӯи «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!» баргузор гардид. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д.  зимни баромад аз ҷумла зикр намуд, ки ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда эътироф шудаанд. Ва мусаллам аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи моро якчанд доғҳою муаммоҳо ва мушкилиҳо фарогир аст. Яке аз масъалаҳои ҷиддии ҳаёти имрӯза пайвастшавии бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ташкил медиҳад. Рӯзе нест, ки дар ягон давлати дунё аз таркиш, марги одамони бегуноҳ ва дигар амалҳои террористӣ хабаре набошад.Ҷавонони саодатманди диёр бояд дарк намоянд, ки ин сулҳу амният, оромиву субот ва ваҳдати миллии кишвар маҳз бо машаққату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромидошти ин сулҳи бебозгашт аз моён ҷавонон иртибот дорад. Зимни сӯҳбат сарреҷиссёри театр Абдураҳмонов Ш. оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ҳарф зад ва қайд намуд, ки ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар мебошад. Вале имрӯзҳо иддае аз ҷавонон ва волидони онҳо ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Баъдан аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бобати ин мавзӯъ низ дар байни мардум корбарии ҳамешагӣ ба роҳ монда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>