Оилаи солим – поӣдевори ҷомеаи солим

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷӣ тибқи нақша- чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар оиди маърифати оиладорӣ дар мавзӯи «Оилаи солим – поӣдевори ҷомеаи солим » баргузор гардид. Дар мизи мудаввар хонандагони синфҳои болоии Гимназияи № 2 иштирок карданд. Директори Гимназия Раҳимова М нахуст меҳмононро муаррифӣ намуда, мақсади баргузории ин маҳфилро шарҳ дод. Собиқадорони ҳизб , занони барӯманд Сангинова Т, Турсунова Д, Сатторова  аз таҷрибаи бойи зиндагии хеш оиди оиладорӣ мисолҳои мушаххас оварда, ба ҷавонон насиҳатҳои судманд намуданд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева М., зимни баромад қайд кард, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст,зеро  беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ваҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд. Аз ин рӯ бо фарзанд дар хусуси асрори оиладорӣ, меҳру садоқат, тарбияи ҷинсӣ, тартиби рӯзгордорӣ, муносибати зану шавҳар суҳбат карда, онҳоро ба хонадоршавӣ омода бояд кард.Хонандагон низ фикру ақидаҳои худро оиди баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҷудошавии оилаҳо ва оқибатҳои бади никоҳи хешутаборӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>