Машварати дастурдиҳӣ ва маҳорати ҳунармандӣ

ПАНҶАКЕНТ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 шаҳри Панҷакент бо ибтикори шуъбаи маорифи шаҳр машварати доимамалкунандаи хонандагон таҳти унвони «Маҳорати азхудкунӣ ва ҳунармандӣ» баргузор гардид. Дар кори он аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва Ҷамоатҳои деҳот 36 нафар меҳмонон иштирок доштанд. Дар ибтидо омӯзгорон ба дарсҳои забони модарӣ, математика, таълими ҳунар ва тарбиявӣ ворид гардида оид ба сатҳу сифати таълим донишу маҳорати устодону хонандагон баҳогузорӣ намуданд. Ҳангоми ҷамъбасти кори машварат директори муасиса Азимов Рабим иброз дошт, мақсад аз баргузории машварати мазкур ба роҳ мондани ҳурмату эҳтиром байни ҳамдигар, такмили дӯстию рафоқат, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигарӣ мебошад. Дар суханронии худ мушовири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷабборов М. қайд намуд, ки ба машварат устодону хонандагон тайёрии хуб дидаанд. Маҳорату малакаи хуб доранд. Ба мо пеш аз ҳама дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули меҳнати хонандагон ки рангоранг буд хел писанд омад. Мо аз тамошои намошгоҳи бисёрҷабҳаи  хонандагон хеле баҳраманд шудем.  Дар рӯзи машварат раиси КИ ҲҲХД дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда бо хонандагон суҳбат намуд ва ба кори онҳо баҳои баланд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>